Тафсири Сураи Исро Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 111
وَقُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي لَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ وَلَمْ يَكُنْ لَهُ وَلِيٌّ مِنَ الذُّلِّ ۖ وَكَبِّرْهُ تَكْبِيرًا ١١١
Ва қули-л-ҳамду лиллаҳи-л-Лазӣ лам яттахиз валада-в ва лам яку-л лаҳу шарӣкун фи-л-мулки ва лам яку-л лаҳу валийю-м мина-з-зулли ва каббирҳу такбӣро. 111.
111. Ва бигӯ: «Ҳамд (ситоиш) Худоерост, ки ҳеҷ фарзанд нагирифтааст ва Ӯро ҳеҷ шарик дар мулкаш нест ва Ӯ ба нотавонӣ шоиста нест, то ба ёрӣ муҳтоҷ шавад», Ӯро бо таъзим бисёр зикр кун!
Худованд дар ин оят ақидаи мушрикону насоро ва яҳудиёнро рад намуда Расули худ (с)-ро чунин таълим додааст, ки бигӯ, ки шукру сипос Худойро, ки на касеро барои худ фарзанд интихоб кардааст ва на дар ҷаҳондорӣ касе шарики Ӯст ва на хору нотавон аст, ки чун ба хорие гирифтор шавад, ночор бо дӯсту ёрирасоне ниёз дошта бошад. Бузургдошту таъзими Худовандро комилан баҷо ор. Сифатҳои Ҷалолӣ ва Ҷамоли Ӯро ба забон ор. Гуфтани «Аллоҳу акбар кабиро валҳамдулиллоҳи касиро ва субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳӣ букратан ва асило» яке аз намудҳои бузургдошти Худованд аст. Хулоса, соҳиб фарзанд будан, барои иҷрои амале ё (хору нотавон шуда) ба шарик, ба ёрирасон муҳтоҷ шудан ин сифати махлуқ аст. Худованд аз чунин сифатҳо пок аст. Бо ривояти Ҳофиз Абӯ Яъло омадааст: «Расулуллоҳ (с) ин оятро ояти «ал-азиз» (азизу ғолиб шудан), номида, баъзе аз саҳобагони худро таълим дода мегуфт: «Дар дуъоятон бигӯед: «Таваккалту ъалал-ҳаййил-лази лоямут…» ва ояти мазкурро дар давомаш мехонданд».
Ҳамчунин касоне, ки назди Расулуллоҳ (с) аз қарздорӣ шиква мекарданд, хондани ин оят ва ояти қаблиро тавсия мекарданд ва дар охир мефармуданд, ки «Таваккалту ъалал-ҳаййил-лази лоямут»-ро илова кунанд, иншоаллоҳ, аз қарздорӣ наҷот хоҳанд ёфт. Дар мазмуни ҳадиси дигар омадааст, ки ҳар касе ояти мазкурро тиловат кунад, Худованд ба монанди замину кӯҳҳо ба ӯ подош медиҳад.
Поёни сураи «Исро» саҳарии рӯзи шанбе, 13-уми Зулҳиҷҷаи соли 1431, баробари 20-уми ноябри соли 2010. Худовандо! Ба мо тавфиқ ато кун, то туро сипос гуфта бошем ва дар ҷамиъи корҳоямон аз ҳадди эътидол берун наравем ва ба ифроту тафрит даст назанем.
Худоё! Ба мо тавфиқи ба итмом расонидани ин тафсирро, он чунон ки мавриди ризо ва хушнудии Туст, марҳамат фармо. Бор Илоҳо! Қалби моро аз нури имону илм саршор гардон, то дар баробари Бузургият фурӯтан бошем ва ҷуз Туро напарастем, Худовандо! Бар Муҳаммаду оли Муҳаммад ва ҷамеъи саҳобагонаш дуруд фирист. Худоё…
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «