Тафсири Сураи Калам Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 2
مَاۤ اَنۡتَ بِـنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُوۡنٍۚ ٢
Ма анта би ниъмати Раббика би маҷнун. 2.
2. Ки ту, ба фазли Парвардигорат девона нестӣ.
Чун омадани ваҳйи Илоҳӣ ба сӯйи Пайғамбар (с) оғоз гардид ва ӯ мардумро ба сӯйи Ислом даъват намуд ва роҳи ҳидоятро ба онҳо нишон дод, Худованд баъзеи онҳоро ҳидоят кард ва баъзеи онҳо бар гумроҳии худ боқӣ монданд. Онҳо аз рӯйи ҷоҳилӣ ва таассуб расули Худо (с)-ро мегуфтанд, ки девона шудааст ва ҳар гуна туҳмату буҳтонаш мезаданд. Аллоҳтаъоло бо ояти мазкур ин ақидаро рад карда, фармуд, ки ту бо фазли Худованд девона нестӣ ва дар ояти зер Ӯ (с)-ро тасаллӣ дода фармуд, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «