Тафсири Сураи Калам Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 3
وَاِنَّ لَڪَ لَاَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُوۡنٍۚ ٣
Ва инна лака ла аҷран ғайра мамнун. 3.
3. Ва албатта, мар туро музде ҳаст қатъ нашудани.
Худованд расули худ (с)-ро бо тасаллӣ башорат медиҳад, ки эй Муҳаммад (с) ту дар муқобили туҳмату истеҳзои мушрикин сабру таҳаммул бурдборӣ нишон деҳ, ки ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, паёмбарии худро ба онҳо фаҳмон. Қуръонеро, ки барои ту ваҳӣ мегардад бе нуқсон ва бе илова аз худат ба онҳо расон ва ба сӯйи Ислом даъваташон кун. Ҳарчанд ки аз сӯйи онҳо ба ту изо расад ҳам тоқат кун ва бар зарари онҳо дуъои бад макун. Башорат бод туро, ки дар ин кор барои ту аҷру савоби бузург аст. Ҳама мардум аз ин оят метавонанд панд бардоранд ва ҳангоми сахтӣ сабр бояд варзид, зеро Худованди меҳрубон собиронро дӯст медорад.
Ҷаҳон ҷойи гудози дӯстон аст,
Зи дуниҳо ба душман бӯстон аст.
Надид Фиръавни кофир дарди сарро,
Надид Шадодиёнаш чашми тарро.
Ба одам тавбаи инозаламно,
Биёбон шуд кашан дар пойи Мусо,
Ба фарқи Закриёяш арраи тез,
Баёзи гардани Яҳёаш хунрез.
Бубин Ҷирҷисро ҳар рӯз куштан(д)
Халилуллоҳро дар байни гулхан.
Ҳабибашро кунад хунрези дандон,
Адӯёнро кунад чун калб хандон.
Муҳибонаш сипар тири балоро
Зи роҳи дард мебахшад даворо.
Сироҷиддин
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «