Тафсири Сураи Калам Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 4
وَاِنَّكَ لَعَلٰى خُلُقٍ عَظِيۡمٍ ٤
Ва иннака ла ъала хулуқин ъазӣм.4.
4. Ва ҳаройина, ту бар хулқи (хӯи) бузург ҳастӣ.
Ин ояти карима аз тарафи Худованд нисбат ба ҳазрати Муҳаммад (с) баҳои баланд аст ва барои бастани даҳони бефарози хӯрдагирон далел буда, дар он фармудааст, ки ё Муҳаммад (с), ту соҳиби хулқу атвори баланд ҳастӣ, ба таҳқиқ Аллоҳтаъоло фазилатҳо ва хислатҳои ҳамида ва камолотро дар ту ҷамъ кардааст. Дар Қуръони маҷид Аллоҳтаъоло бо сифатҳои бузург Расулаш (с)-ро зикр кардааст. Аз он ҷумла ӯро олим, ҳалим бисёр боҳаёву бисёр ибодаткунанда, бо саховат, собиру шокир, бо тавозуу зӯҳд, накӯгуфтору накӯрафтору накӯкирдор гуфтааст. Асҳоби киром аз хулқи он ҳазрат (с) аз модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа суол карданд. модарамон гуфт: “Хулқи ӯ Қуръон аст”. Яъне дар Қуръон чӣ хулқи ҳамида бошад дар он ҳазрат (с) мушоҳида кардан мумкин буд. Сухани он ҳазрат (с) низ тасдиқкунандаи он гуфтаҳост: “Ман фиристода шудаам, то ки хулқи ҳамидаи боқимондаро тамом карда, ба камол расонам”. Инсони соҳиби хулқи ҳамида метавонад дар баробари касе, ки рӯз рӯзаи нафл медорад ва шабро ба намози нафл мегузаронад савоб ҳосил кунад.
Хулоса, аз хулқу одоби Ҳазрат (с), ки ибрати оламиён аст, ҳар қадар сухан кунем кам аст. Ҳаминро бояд донист, ки умуман Ислом ва Қуръон барои инсонро комил сохтан омадааст ва ба хулқи ҳамида эътибори хеле баланд дода аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «