Тафсири Сураи Калам Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 42
يَوۡمَ يُكۡشَفُ عَنۡ سَاقٍ وَّيُدۡعَوۡنَ اِلَى السُّجُوۡدِ فَلَا يَسۡتَطِيۡعُوۡنَۙ ٤٢
Явма юкшафу ъан сақи-в ва юдъавна ила-с-суҷуди фа ла ястатӣъун. 42.
42. Рӯзе, ки аз соқ во (кушода) шавад ва онҳоро ба сӯйи саҷда хонда шавад, пас, натавонанд.
Рӯзи қиёмат, ки бисёр пуршиддату пуризтироб аст, аз он андаке кушода шавад ва чун ҳамаро ба саҷда кардан хонда шавад муъминон ва муъминаҳо сар ба саҷда баранд. Аммо онҳое, ки мол сарф карданду вале барои Худо накарданд, балки сарфи молашон ба ғарази дигар чиз ё дигар кас ҳамсоя, маърака, зану фарзанд, падару модар, кибр, ғурур, риё, шуҳрат, сумъа бошад саҷда карда натавонанд. Пушташон ба мисли табақ ё тахта сахт гардад, ки хам шуда натавонанд. Аҳволи муъминон, ки чунин аст аз кофарон чӣ гуна бошад? Чун саҷда карда натавонистанд, ҷойи онҳо маълум аст. Дар шарҳи калимаи соқ чанд маънӣ омадааст.
1. Сахтии қиёмат.
2. Сахттарин соати қиёмат.
3. Як амри рӯзи изтиробкунандаи ҳавли рӯзи қиёмат.
4. Вақто, ки парда аз рӯйи аъмол бардошта мешавад ҳама ҳозир мегардад.
5. Мурод аз соқ нури азим аст, агар он, кашф карда шавад ҳама аз барои саҷда сар паст мекунанд. Магар ононе, ки дар дунё саҷда накарданду дар роҳи дуруст нарафтанд, онҳо саҷда карда наметавонанд. Аммо ҷамоли Аллоҳтаъолоро фақат муъминон ва муъминаҳо мебинанд. Ҳаминаш ба ҳақиқат наздик аст зеро, калимаи “соқ” аз ҷумлаи калимаҳои муташобиҳот аст. Даҳшати дигари рӯзи қиёматро барои чунин шахсон ояти зер эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «