Сураи Қалам Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 41

اَمۡ لَهُمۡ شُرَكَآءُ ۛۚ فَلۡيَاۡتُوۡا بِشُرَكَآٮِٕهِمۡ اِنۡ كَانُوۡا صٰدِقِيۡنَ ٤١

Ам лаҳум шуракау фа-л яъту би шуракаиҳим ин кану содиқӣн. 41.

41. Оё аз барои мушрикон шарикон ҳастанд?». Пас, агар ростгуяндагон бошанд, бояд, ки шарикони худро биёранд.

Дар ин оят “шарикон” ба ду маъно омадааст. Аввал мурод аз “шарикон” ҳамон буту санамҳояшон ҳаст, ки онҳоро парастиш мекунанд. Агар ҳамин буту санамҳои беҷонашон онҳоро таълим дода бошанд, ки дар охират мушрикон бар муъминон дастболоянд биёранд онҳоро то бубинем аз дасташон чӣ меояд? Дувум мурод аз “шарикон” ин аст, ки ба ҷуз он буту санамҳояшон агар ҳомию ҳидоятгари дигаре доранд, вайҳоро низ биёранд, агар ростгӯй бошанд.

Дар замони кунуни ба ин монанд рафтори баъзе аз сарватмандон мушоҳида мешавад, ки мақсади асосии онҳо танҳо ҷамъоварии пулу мол аст. Онҳо аз молдории худ мағрур гашта, Худоро аз ёд бурдаанд. Як ақида онҳоро фаро гирифтааст, ки пулу мол бошад ҳама корро кардан мумкин. Як чизро фаромӯш кардаанд, ки дар охират пулу моли аз роҳи ҳаром ба дастомада калтаки сарашон хоҳад шуд. Дар охират ба имону эътиқоди инсон нигоҳ карда, ҳукм бароварда мешавад. Ҳар сарфе, ки олуда ба ҳаром аст на Ҳаҷ, на садақа, на қурбонӣ, на нафақа ва на дигару дигар назди Худованд мақбул нест. Инро ҳеҷ кас рад карда наметавонад. Охир Ислом ва Қуръон барои наҷоти башарият омадааст на барои фасод сохтани он! Пас чӣ гуна ба фасоду ҳаромкорӣ шуғл варзида, боз умеди аҷру савоб карда мешавад?

Аҳволи мағрур чӣ гуна хоҳад буд ояти зер хабар медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)