Сураи Қалам Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 51

وَاِنۡ يَّكَادُ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَيُزۡلِقُوۡنَكَ بِاَبۡصَارِهِمۡ لَمَّا سَمِعُوا الذِّكۡرَ وَيَقُوۡلُوۡنَ اِنَّهٗ لَمَجۡنُوۡنٌ‌ۘ ٥١

Ва ин якаду-л-лазӣна кафару ла юзлиқунака би абсориҳим ламма самиъу-з-зикра ва яқулуна иннаҳу ла маҷнун. 51.

51. Ва ҳаройина, касоне, ки кофир шуданд, наздиканд туро ба чашмҳои (тези) худ, он замоне ки Қуръонро шуниданд, билағжонанд ва мегӯянд: «Ба ростӣ, ин Пайғамбар девона аст».

Зимни ояти мазкур Худованд фармудааст, ки ба таҳқиқ қариб аст, ки кофирони Макка туро аз шиддати ғазаб бо чашми бадашон биғалтонанд ва ҳалок кунанд. Ҳангоме ки Қуръон хондани туро шуниданд аз рӯйи буғзу ҳасаду адоват гуфтанд, ки ту Муҳаммад (с) девона ҳастӣ.

Сабаби нузули оят инаст, ки дар қабилаи арабҳои Бани Асад чашмгарҳо буд. Агар яке аз онҳо уштури фарбеҳро медид агар ба он бо чашми бад назар медӯхт, ба хона меомада дарҳол ба духтараш мегуфт, ки зарфро гирифта рафта аз хонаи фалон кас (яъне соҳиби уштур) гушт биёр. Зеро ӯ яқин медонист, ки баъди нигоҳи ӯ он уштур бемор шуда мемурад соҳибонаш маҷбуран онро мекушанд. Ана, аз ҳамин қабила чашмгарҳо оварданд то ки Расулуллоҳ (с)-ро чашм кунанд. Ин оят бар ҳақ будан ва расидани таъсири чашм бо амри Аллоҳтаъоло далел аст. Дар ҳадис омадааст: “Агар чизе аз тақдир пеш мегузашт, албатта чашм мегузашт.”

Ҳадиси дигараст, ки агар чашми кас расад ва маълум шавад, ки чашм расидааст бояд, ки чашмрасон таҳорат кунад ё ғусл кунад. Дар ҳол бояд яке аз ин ду амалро ба ҷо оварад. Ин ба он далолат мекунад, ки чашми расидаро бо оби таҳорат ё ғусл шуста дур месозанд. Худованд ба василаи он об чашмрасидаро шифо мебахшад. Ин чунин барои чашмрасида “Сураи Нос” ва “Сураи Фалақ” хонда мешавад, чунон ки Расулуллоҳ (с) ба наберагони худ хонда буд. Инҷо чашм ба маънои ҳасад низ омадааст. Дар ҳадиси дигар омадааст: “Чашм кардан ҳаққ аст, он уштурро дар дег ва одамро дар қабр меандозад”. Инсоне, ки чашми тез дорад, ба ибораи халқӣ гуем “чашмгар” аст агар хоҳад, ки аз чашми ӯ касе зарар набинад дар вақти дидани ашё “оҳ” “воҳ” “аҷабо”, “оҳҳо” ва ғайра нагӯяд, балки барои паст кардани эҳсосоти худ гӯяд, ки “мошоаллоҳ мошоаллоҳ”, “боракаллоҳ боракаллоҳ”, Дар ин сурат ба изни Парвардигор заҳри чашмаш рафъ мешавад. Ногуфта намонад, ки ҳар инсон баъди намози бомдод ва намози шом ва вақти хоб кардан сураҳои Нос ва Фалақро хонда худро дам андозад, чашми бад ба ӯ таъсир намекунад. Бинобар ин, ба ашёи бародарон саросемавор аз рӯйи ҳасад набояд назар кард, то ки он нороҳат нашаванд. Валекин инро набояд фаромӯш кард, ки ҳар чи шавад аз тақдири илоҳӣ берун нест. Набояд ин кор сабаби низоъ ва душманӣ шавад. Айб дар худаш аст, ки бо сураҳои номбаршуда худ ва ашёи худро ҳисор накардааст. Инчунин айби чашмгар низ ҳаст, ки барои дафъи заҳри чашм калимаҳои зарурии дар боло зикршударо ба забон наовардааст. Тавре мебинем камбудӣ аз ҳар ду тараф сар задааст. Ҳазрати Расулуллоҳ (с) пеш аз нозил шудани сураи Фалақ ва Нос худро бо дигар калимот таъвиз мекарданд. Чун ин сураҳо нозил шуд бо онҳо худро таъвиз карданд. Ин барои мо таълим аст, ки набояд аз ин ғофил шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)