Тафсири Сураи Камар Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 15
وَلَقَدْ تَّرَكۡنٰهَاۤ اٰيَةً فَهَلۡ مِنۡ مُّدَّكِرٍ ١٥
Ва лақад таракнаҳа айатан фа ҳал мим муддакир. 15.
15. Ва батаҳқиқ, ин (уқубат)-ро нишона гузоштем, пас оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?
Аллоҳ таъоло зимни ояти мазкур мефармояд, ки мо ин ҳодисаро (тӯфони Нӯҳро) ҳамчун нишонаи ибратбахши фаромӯшнашаванда барои оламиён гузоштаем. Зеро тарсдиҳандагон (пайғамбарон)-и Ман онҳоро огоҳ намуданд, онҳо ибрат нагирифтанду огоҳ нашуданд. Дар натиҷа азоби аламовари Ман бар сари онҳо нозил шуду оқибат худро ба балои марговари таърихӣ гирифтор намуданд. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст, то ибрат гирад? Баъзе аз муфассирон мурод аз «нишона» киштии ҳазрати Нӯҳ (а)-ро донистаанд. Аз он ҷумла, муфассири машҳур Қаттода ривоят кардаанд, ки ин киштӣ то ҳол мавҷуд аст, ҳатто вакилони уммати мо ҳам, онро дидаанд.
Дар замони мо аз тариқи киштиҳои кайҳонӣ боқимондаҳои киштии мазкур болои кӯҳе бо номи Оророт (Арарат), ё (Ҷуди) дар Қофқоз мушоҳида гаштааст.
Хулоса, аз замони нозил шудани Қуръон то имрӯз асрҳо паси сар шудаанд, чӣ қадар олимони бузург умри худро барои хондан, омӯхтан, фаҳмидан, таҳсил ва таҳқиқи он сарф намудаанд. Онҳо аз Қуръон ҳазорҳо ҳукмҳои гуногуни барои мардум лозимро баровардаанд. Ҳоло ҳам масъалаҳои гуногуни рӯзмарраи барои инсон ва ҷомеъа лозимаро, ки бо мурури тараққиёти илм назди мардум гузошта мешавад, ба истифодаи оятҳои Қуръонӣ ҳалли худро меёбанд. То кунун инсоният ба кашфи асрори Қуръон пурра ноил нагаштааст. Зеро маъною муъҷизаҳо ва аҷоиботи Қуръон беназир ва тамомнашаванда аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «