Сураи Қамар Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 14

تَجۡرِىۡ بِاَعۡيُنِنَا‌ۚ جَزَآءً لِّمَنۡ كَانَ كُفِرَ ١٤

Таҷрӣ би аъюнина ҷазаа-л ли ман кана куфир. 14.

14. Бо ҳузури (пеши) чашми Мо мерафт, то интиқоми касоне бошад, ки ӯро бовар надоштанд.

Албатта, ҳеҷ як амали содиршуда бе ҷазову мукофот намемонад. Он қавми саркаш, ки нисбати ҳазрати Нӯҳ (а) қадрношиносӣ карданд, яъне ба қадри ин неъмат нарасиданд, барои онҳо ҷазои мувофиқ муайян шуд, ҳама зери об ғарқ шуданд. Аллоҳ таъоло дар ояти мазкур мефармояд, ки Нӯҳ (а) ва ёронаш бо инояти мо таҳти ҳидояту зери назари мо болои об наҷот ёфта, то муддате шино менамуданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)