Сураи Қамар Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 16

فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِىۡ وَنُذُرِ ١٦

Фа кайфа кана ъазабӣ ва нузур. 16.

16. Пас, азобу тарсониданҳои ман чӣ гуна буд?

Мазмуни ояти мазкур қисман дар боло гузашт, локин паҳлуи дигари он ин аст, ки Аллоҳ таъоло бо як навъ саволи бесаранҷомкунанда ва тааҷҷуб мепурсад, ки дидед чӣ гуна азоби ҷонгудози ман барои онон, ки пайғамбарони маро дурӯғ меҳисобанду аз оятҳои ман панд набардоштанд, нозил шуд? Дар ҳақиқат Худованд аз камоли меҳрубонӣ онҳоро ба воситаи пайғамбарон тарсонидаву фаҳмонида буд, локин ғафлатзадагон эътибор надоданду худро ба балои марговар гирифтор намуданд. Валлоҳу аълам, мақсад ин аст, ки набояд чун пешиниён дар ғафлат шуд. Пеш аз он ки азоб биёяду ба тарсдиҳандаву огоҳкунанда рӯ ба рӯ афтанд, аввалан худро ва қавму миллату давлати худро эҳтиёт бояд намуд. Ин як ҳушдории хубест барои имрӯзиён.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)