Сураи Қамар Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 17

وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا الۡقُرۡاٰنَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِنۡ مُّدَّكِرٍ ١٧

Ва лақад яссарна-л-Қур-ана ли-з-зикри фа ҳал мим муддакир. 17.

17. Ва дар ҳақиқат, барои панд гирифтан Қуръонро осон гардонидем, пас, оё ҳеҷ пандпазирандае ҳаст?

Аллоҳ таъоло ба бандагони Худ бисёр меҳрубон аст. Агар Ӯ худ барои мо осон наменамуд, мо ба хондану ёд гирифтани Қуръон қодир намешудем. Аз ҷумла, панд гирифтан аз Қуръон осон аст. Дар он тамоми далелу санадҳо, оятҳои тарғибкунанда ва боздоранда, инчунин оятҳои ваъдаи подоши амал бо тарзи махсус ба дараҷаи ақл ва фаҳмиши инсон мувофиқ интихоб шудаанд. Аллоҳ таъоло сухани худро бо қасам таъкид сохта, мефармояд, ки ба Аллоҳ қасам, Мо Қуръонро барои панд гирифтани инсонҳо осон гардонидем. Оё нафари пандгирандае аз ин панду андарзҳои муътабари Қуръон ҳаст?

Бе шакку шубҳа, Қуръон сарчашмаи ҳамаи саодатҳои дунё ва охират аст. Шахси беғараз дохили маънои Қуръон шавад, албатта, аз он панди судманд мебардорад. Локин афсӯс…

Дар ҳамин ҷо баёни аҳволи қавми Нӯҳ (а) ба поён мерасад ва қиссаи қавми дигаре, ки ба ғазаби Аллоҳ таъоло гирифтор гардидааст, яъне қавми Од оғоз меёбад. Онҳо бутпараст буда, дар қумистон, шояд мавзеъи имрӯзаи Яман сукунат доштанд. Аллоҳ таъоло аз худи онҳо ҳазрати Ҳуд (а)-ро ба ҳайси расул интихоб намуд. Он зоти бобаракот (а) барои он қавми гумроҳгаштаро бедор кардан бо роҳҳои гуногун ба сӯи Парвардигори яккаву ягона даъват намуд, вале онҳо аз куфр барнагаштанд. Пас, Ҳуд (а) онҳоро огоҳӣ дод, ки агар аз раъйи худ барнагарданд, ба азоби пуршиддати илоҳӣ дучор хоҳанд шуд, қавм бошад, на танҳо ӯро гӯш накардаанд, балки гуфтанд, ки ақлаш кам гардидааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)