Сураи Қамар Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 18

كَذَّبَتۡ عَادٌ فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِىۡ وَنُذُرِ ١٨

Каззабат Ъадун фа кайфа кана ъазабӣ ва нузур. 18.

18. Қавми Од (пайғамбаронро) дурӯғ пиндоштанд. Пас, (онҳоро) азоби Ман ва тарсониданҳои Ман чӣ гуна буд.

Аллоҳ таъоло ба кофирон ва гунаҳкорони қавми Од ишора намуда, мефармояд, ки қавми Од ҳам Ҳуд (а)-ро, ки ба сифати пайғамбарӣ аз тарафи Аллоҳ фиристода шуда буд, дурӯғгӯ шумориданд. Яъне ҳар қадар Ҳуд (а) барои бедор сохтани онҳо бо ҳар роҳ ба таблиғи худ меафзуд, онҳо баръакс, дар гумроҳии худ меафзуданд. Онҳо чунон дар шаҳватҳо ғарқ буданд, ки гӯё аз шунидани суханҳои пайғамбарашон гӯшҳояшон кару чашмонашон кӯр аст. Дар охир Худованд онҳоро ба азоби дарднок гирифтор намуд. Аз ҳамин сабаб дар охири оят бо як саволи сарбаста мефармояд, ки бингаред! Азоби Ман ва тарсонандаҳои ман барои онҳо чӣ гуна омаду онҳоро чӣ гуна ҳалок намуд. Ояти зер, иншоаллоҳ, ин ҳодисаро мушаххастар шарҳ медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)