Тафсири Сураи Камар Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 23
كَذَّبَتۡ ثَمُوۡدُ بِالنُّذُرِ ٢٣
Каззабат самуду би-н-нузур. 23.
23. Қавми Самуд тарсонандагонро дурӯғгӯй шумориданд.
Қавми Самуд ҳам, аз арабҳои қадим буда, тибқи шаҷараи авлодӣ рафта, ба ҳазрати Нӯҳ (а) мерасанд. Қабилаи Самуд дар Қурро (Ҳиҷоз) дар водии Ҳиҷр сукунат доштанд. Онҳо аз роҳи ҳақ рӯ тофта, бут (санам)-ро парастиш мекарданд. Аллоҳ таъоло барои раҳнамоӣ ва ҳидоят кардани онҳо ҳазрати Солеҳ (а)-ро чун пайғамбар фиристод. Ҳазрати Солеҳ (а) ба даъвати қавмаш пардохта, онҳоро аз парастиши бут манъ кард ва ба ибодати Парвардигори яккаву ягона даъват намуд, вале онҳо ба нидои наҷотбахши фиристодаи Аллоҳ ҷавоб нагуфтанд. Илова бар ин, пайғамбари Аллоҳро ба дурӯғгӯӣ айбдор карда, аз ӯ (а) муъҷиза талаб намуданд. Аллоҳ таъоло барои тасдиқи пайғамбарии Солеҳ (а) муъҷиза (уштур)-ро ато кард. Аз ин муъҷизаи илоҳӣ баъзе аз куффор нармдил гардида, имон ҳам оварданд.
Акнун давоми ин қиссаро оятҳои зер, иншоаллоҳ, идома медиҳанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «