Сураи Қамар Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 34

اِنَّاۤ اَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ حَاصِبًا اِلَّاۤ اٰلَ لُوۡطٍ‌ؕ نَّجَّيۡنٰهُمۡ بِسَحَرٍۙ ٣٤

Инна арсална ъалайҳим ҳасибан илла ола Лутин-н-наҷҷайнаҳум би саҳар. 34.

34. Албатта, Мо бар онҳо боди сангбарандаро фиристодем, магар аҳли хонаи Лутро дар охири шаб наҷот додем.

Аллоҳ таъоло дар охири шаб, яъне назди дамидани субҳ иродаи ҳалоки қавми ливотабозро намуд. Ба сӯи онҳо гирдбодеро равон намуд, ки ба сари онҳо борони сангро рехт ва ҳама якбора ҳалок гаштанд. Ҳазрати Лут (а), ки бо духтаронаш тибқи амри Аллоҳ диёрашонро тарк карда буданд, наҷот ёфтанд.

Ибни Касир (Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад) мегӯяд: «Ҷабраил (а) бо амри Аллоҳ таъоло он деҳкадаҳоро болои қаноти худ бар осмон бардошту сарозер афканд. Баъди он бороне аз лойҳои пухташудаи сангчамонанд болои онҳо борид».

Ба тарҷумаи ояти зерин, иншоаллоҳ, эзоҳи ояти мазкур мукаммал мегардад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)