Тафсири Сураи Камар Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 33
كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوۡطٍ ۢ بِالنُّذُرِ ٣٣
Каззабат қавму Лутин би-н-нузур. 33.
33. (Ва инчунин) қавми Лут тарсонандагонро дурӯғ ҳисобиданд.
Қавми Лут (а) бори аввал ба чунин гуноҳе дар дунё даст заданд, ки дар таърихи инсоният рӯй надода буд. Бо ҳамин гуноҳи худ бадноми ҷаҳон ва шармандаи охират гаштанд. Ин бадбахтон бо вуҷуди ин, ки ба пайғамбари Аллоҳ бовар надоштанду ӯро дурӯғгӯй шумориданд, боз ба амали зишти худ, яъне ливотабозӣ (гомосексуализм) машғул гардиданд. Ин қавми аз худрафта ва бо ботлоқи фисқу фуҷур ғӯтида ба хотири ин ки дар давом додани амали бадашон халалрасоне набошад, ба рондани ҳазрати Лут (а) кӯшиш ба харҷ дода буданд. Вале тақозои тақдири илоҳӣ дигар буд.
Ин қиссаи пандомӯзу ибратбахш дар дигар сураҳои қаблӣ муфассал баён гардидааст. Инро ба назар гирифта, дигар нуқтаи муҳимро барои хонандаи мухлис баён месозем. Алоқаи ҷинсии мард бо мард ва зан бо зан аз сӯи тамоми шариъатҳо сахт маҳкум шуда, амали ҳаром дониста шудааст. Ин разилтарин фаҳш буда, табиъати инсони пок онро қабул надорад. Ин гуна фасодкориҳо боиси ривоҷи маразе аз қабили «СПИД» гардидаанд, ки даво надорад ва башариятро ба ҳалокат расониданаш мумкин. Ҷазои ливотабозон назди Аллоҳ таъоло бисёр сангин аст. Касоне чунин одат дошта бошанд, мувофиқи ҳукми шаръ бояд зери девор гузошта, болои онҳо девор гардонида шавад, то барои онҳо ҷазо ва баҳри дигарон ибрат гардад.
Ояти зерин баёнгари ҷазои он қавми ҷиноятгар аз тарафи Аллоҳ таъолост.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «