Тафсири Сураи Камар Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 35
نِّعۡمَةً مِّنۡ عِنۡدِنَاؕ كَذٰلِكَ نَجۡزِىۡ مَنۡ شَكَرَ ٣٥
Ниъмата-м мин ъиндина. Казалика наҷзӣ ман шакар. 35.
35. (Бо) фазлу меҳрубоние аз назди Хеш. Ҳамчунин ҳар киро (ки) шукргузор бошад подош медиҳем.
Аллоҳ таъоло таъкидан дар ояти мазкур мефармояд, ки наҷот додани Лут (а) ва хонадони ӯ (а) як неъмате буд аз фазлу марҳамати Мо. Ҳамчунин ҳар кӣ ҳақро қабул созад ва дар ивази неъматҳои Аллоҳ таъоло шукргузор бошад ва аз Расули Ӯ таъоло (а) пайравӣ намояд, чунин шахс аз ҷазо ва машаққатҳо, чунон ки ба сари Лут (а) омад, бо ҳидояти Аллоҳ таъоло наҷот меёбад.
Хулоса, агар мулке ё диёре хароб шудааст ва ё мешавад, аз риоя нашудани қонунҳои илоҳӣ аст. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «