Тафсири Сураи Камар Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 44
اَمۡ يَقُوۡلُوۡنَ نَحۡنُ جَمِيۡعٌ مُّنۡتَصِرٌ ٤٤
Ам яқулуна наҳну ҷамӣъу-м мунтасир. 44.
44. Оё мегӯянд: «Мо ҷамоъати интиқомгиранда (и пурқувват) ҳастем?».
Ё гумон доред, ки нисбат ба кофирони ҳалокшудаи гузашта қуввату қудрати шумо бештар аст, ҳангоми зарурат ба ёрии ҳамдигар мешитобед, азобу мушкилиро аз ҳамдигар рафъ месозеду аз мухолифонатон интиқом мегиред? Ҳаргиз! Аллоҳ таъоло дар радди андешаи мушрикони Макка мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «