Сураи Қамар Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 43

اَكُفَّارُكُمۡ خَيۡرٌ مِّنۡ اُولٰٓٮِٕكُمۡ اَمۡ لَكُمۡ بَرَآءَةٌ فِى الزُّبُرِ‌ۚ ٤٣

А-куффарукум хайру-м мин улаикум ам лакум бараатун фи-з-зубур. 43.

43. Оё кофирони шумо аз ҷамоъати кофирони (гузаштаи) шумо беҳтаранд? Ё барои шумо ҳукми халосӣ дар китобҳои (самовии) пешин ҳаст, ки шумо дар амон ҳастед?

Аллоҳ таъоло ба куффори Қурайш хитоб карда мегӯяд, ки ай арабҳои куфрпеша, андеша намоед, магар кофирии шумо аз кофирии қавмҳои пешин, ба мисли қавми Од, Фиръавн, Самуд, Лут (а) ва Нӯҳ (а) беҳтару бартаранд? Оё шумо аз китобҳои пешини осмонӣ ягон амонномае дар даст доред, ки дидаву дониста ба дини ҳақ боварӣ надоред? Оё гумон мекунед, ки аз азоби мо дар амон мемонед? Шумо ягон кафолат доред, ки ин қадар ғафлатзадаед? Кофирони ҳозира аз гузашта чӣ бартарӣ доранд, ки бар гузаштаҳо азоб нозил мешудаасту бар ҳозираҳо не? Ба худ биёед, ай арабҳои қурайшии ғафлатзадаи Макка!


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)