Тафсири Сураи Камар Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 45
سَيُهۡزَمُ الۡجَمۡعُ وَيُوَلُّوۡنَ الدُّبُرَ ٤٥
Саюҳзаму-л-ҷамъу ва юваллуна-д-дубур. 45.
45. Зуд аст, ки ин ҷамоъат шикаст хоҳанд ёфт ва пушт гардонида бигрезанд.
Ин оят яке аз пешгӯиҳои Қуръон ва яке аз муъҷизаҳои он аст. Ин пешгӯӣ дар ғазои (ҷанги) Бадр ва ҷанги Азҳоб тасдиқи худро ёфт. Худованд дар ояти мазкур мефармояд, ки ин ҷамоъаи ба қувваи хеш мағрургашта ба зудӣ шикаст хӯрда, пушт ба майдон намуда, фирор намоянд. Чуноне ки Имом Бухорӣ (раҳ) аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят кардаанд: «Рӯзи ғазои Бадр Расулуллоҳ (с) дар хаймае қарор гирифта, дар талаби шикасти кофирон дуъоҳо мекарданд, хусусан ояти мазкурро мехонданду аз Аллоҳ таъоло он аҳду ваъдаи кардашударо дархост мекарданд. Боз Расулуллоҳ (с) ба мушти хок (ё ба зарфи об бошад), ояти мазкураро хонда, ба сӯи душман пошид, душманон ба шикаст афтода, рӯ ба гурез ниҳоданд. Ҳол он ки дар он набард душманон 950 нафар мубориз, 700 уштур, 100 аспи ҷангӣ ва хеле лавозим кифояи ҷангӣ доштанд. Аммо адади мусалмонон 313 нафар буд ва бо мадади Аллоҳ таъоло ба пирӯзӣ ноил гардиданд. Дар натиҷа аз мушрикон 50 нафар ба ҳалокат расид ва 70 нафари дигарашон асир афтод. Аз мусалмонон бошад, 14 нафар ба шаҳодат расид. Ёриву ваъдаи Аллоҳ таъоло амалӣ гашт ва муъҷизаи бузург ва тафсири ояти мазкур зоҳиру маълум гардид. Ҳол он ки ҳеҷ кас ба гӯшаи хотир оварда наметавонист, ки мушрикон бо ин қадар қувва ва сафи зиёдашон ба мағлубият дучор мегарданд.
Умар ибни Хаттоб (р) гуфтаанд: «Ман таъвил маънои ояти мазкурро дар ҳамин ғазои Бадр фаҳмидам».
Ин азобу ҷазои дунявӣ буд, ки мушриконро, чуноне ки дар ояти баъдӣ омадааст, ба азоби ҳақиқии охират пайваст мекунонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «