Тафсири Сураи Камар Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 46
بَلِ السَّاعَةُ مَوۡعِدُهُمۡ وَالسَّاعَةُ اَدۡهٰى وَاَمَرُّ ٤٦
Бали-с саъату мавъидуҳум ва-с-саъату адҳа ва амарр. 46.
46. Балки қиёмат ваъдагоҳи онҳо аст. Ва қиёмат офати сахттару талхтар аст.
Дар ин дунё шикаст хӯрдану асир афтодан, пушти худро гардонда аз майдони набард фирор намудан дар назди азоби охират ҳеҷ аст. Шикасти ҳақиқии онҳо ҳангоми қиёмат зоҳир мегардад. Он гоҳ сахтиҳои он рӯзро бубинанд, дигар ҷои фирор надоранд, худро ба куҷо мезананд? Азоби онҳо чӣ гуна хоҳад буд, дар ду ояти зерин ифода гардидааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «