Тафсири Сураи Касас Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 63
قَالَ الَّذِيۡنَ حَقَّ عَلَيۡهِمُ الۡقَوۡلُ رَبَّنَا هٰٓؤُلَاۤءِ الَّذِيۡنَ اَغۡوَيۡنَا ۚ اَغۡوَيۡنٰهُمۡ كَمَا غَوَيۡنَا ۚ تَبَـرَّاۡنَاۤ اِلَيۡكَ مَا كَانُوۡۤا اِيَّانَا يَعۡبُدُوۡنَ ٦٣
Қола-л-лазӣна ҳаққа ъалайҳиму-л-қавлу Раббана ҳаулаи-л-лазӣна ағвайна ағвайнаҳум кама ғавайна. Табарраъна илайк. Ма кану иййана яъбудун. 63.
63. Ононе, ки ҳукми азоб бар онҳо собит шуд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо ҷамоъатеанд, ки онҳоро гумроҳ кардем, чунон ки худ гумроҳ шудем, онҳоро низ гумроҳ кардем. Аз инҳо ба сӯи Ту безори меҷуйем. Онҳо (соҳиб ихтиёр буданд) моро намепарастиданд (балки ҳавои нафси худро мепарастиданд)».
Чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, вақто ки мушрикон дар қиёмат зери савол мемонанд, маълум аст, ки маъбудҳои ботили онҳо чун Фиръавн, ҷинҳо, шайтонҳо ва дигар роҳбароне, ки мардумро гумроҳ мекарданд, мефаҳманд, ки мисли пайравонашон ҳукми азоб бар онҳо низ собит аст. Онҳо мегӯянд, ки Парвардигоро, ин пайравони мо касонеанд, ки мо онҳоро ба сӯйи куфру ширк даъваташон кардему гумроҳашон гардонидем, чуноне ки худ гумроҳ будаем. Локин мо онҳоро маҷбур накардем, онҳо соҳибихтиёр буданд, гумроҳияшон бо интихобу талоши худашон буд, чуноне ки мо бо ихтиёри худ гумроҳиро интихоб намудем.
Дар идомаи суханашон роҳбарони гумроҳон ё шайтонҳо аз пайравонашон безорӣ ҷуста, боз мегӯянд, ки Парвардигоро, ҳоло мо аз чунин пайравон безорем, ба сӯйи Худат паноҳ мебарем, зеро онҳо моро намепарастиданд, балки ҳаво ва хоҳишҳои нафсонии худро мепарастиданд.
Хулоса, чуноне ки ин мазмун дар сураи «Юнус», ояти 28-ум ва ояти 22-.ми сураи «Иброҳим» ва ояти 30-уми сураи «Соффот» гузашт, дар он рӯз бутпарастону маъбудони дурӯғини онҳо аз ҳамдигар безорӣ ҷуста, гуноҳи худро мехоҳанд ба гардани ҳамдигар андозанд. Боз мушрикон, чуноне ки ояти зер ишора дорад, мавриди дигар саволи дилкӯбанда қарор мегиранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «