Сураи Қасас Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 62

وَيَوۡمَ يُنَادِيۡهِمۡ فَيَـقُوۡلُ اَيۡنَ شُرَكَآءِىَ الَّذِيۡنَ كُنۡتُمۡ تَزۡعُمُوۡنَ ٦٢

Ва явма юнадӣҳим фа яқулу айна шуракаия-л-лазӣна кунтум тазъумун. 62.

62. Ва ёд кун рӯзеро, ки (Худованд) онҳоро бихонад, пас гӯяд: «Куҷоянд он шарикони Ман, ки шумо гумон мекардед?».

Ояти мазкур яке аз саҳнаҳои рӯзи қиёматро, ки аз шунидани он мӯйи сари инсон рост ва ҷисми инсон дар ларза медарояд, ба намоиш гузоштааст. Дар эзоҳи ин оят муфассирон гуфтаанд, ки эй мухотаб, ба ёд ор рӯзеро, ки Худованди субҳон бо сарзаниш онон (кофирон ва мушрикон)-ро нидо мекунад, ки шумо дар дунё бо пиндори худ, баъзе аз ашёро шарикони Ман қарор медодед, аз онҳо кӯмак дархост мекардед, ҳоло онҳо дар куҷоянд, то ба кӯмаки шумо шитобанду ба шафоъати шумо бархезанд ва аз ин вартаи ҳалокатовар шуморо раҳоӣ диҳанд?! Маълум аст, ки азобу алами аҳли Ҷаҳаннам аз шунидани ингуна саволҳои дилкӯбкунанда зиёдтар мешавад, зеро дар чунин рӯз онҳо ҳақиқатро мефаҳманд. Онҳо бар ақидаи пештараи худ боқӣ намемонанд, локин ҳайҳот. Дар чунин асно…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)