Тафсири Сураи Касас Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 64
وَقِيۡلَ ادۡعُوۡا شُرَكَآءَكُمۡ فَدَعَوۡهُمۡ فَلَمۡ يَسۡتَجِيۡبُوۡا لَهُمۡ وَرَاَوُا الۡعَذَابَۚ لَوۡ اَنَّهُمۡ كَانُوۡا يَهۡتَدُوۡنَ ٦٤
Ва қӣладъу шуракаакум фа даъавҳум фа лам ястаҷӣбу лаҳум ва рааву-л-ъазаб. Лав аннаҳум кану яҳтадун. 64.
64. Ва гуфта шавад: «Бихонед шарикони худро!». Пас, онҳоро бихонанд ва онҳо дуъои он гурӯҳро қабул накунанд ва азобро бубинанд (ва таманно кунанд, ки) кош онҳо роҳёбанда мебуданд!
Агарчӣ мушрикон аз посух оҷиз монданд, (чуноне ки дар оятҳои қаблӣ гузашт), локин бори дигар барои сухрияи онҳо гуфта мешавад, ки шариконатонро (худоҳои худсохта ва пиндориатонро, ки дар дунё ба ҷои Худои ягона мепарастидед) барои ёрӣ додани худатон фаро хонед, то ба ёрии шумо ба по хезанд ва аз шумо дифоъ кунанд ва шуморо аз ин вартаи ҳалокат наҷот диҳанд! Онҳо ҳарчанд медонанд, дар он ҷо коре аз дасти маъбудонашон наме-ояд, локин аз рӯйи сахтии ваҳшати он рӯз, бо умеде, ки шояд аз дасти маъбудҳо чизе меомада бошад, онҳоро фаро мехонанд, вале онҳо бо обидони худ посухе намедиҳанд. Зеро онҳо аз кӯмак додан оҷизанд, чунки онҳо чизҳои беҷон ҳастанд, на ёрӣ дода метавонанд ва на сухан гуфта метавонанд. Илова бар ин, дар он асно рӯ ба рӯйи худ яқинан азоби Ҷаҳаннамро мебинанд. Сипас, орзу мекунанду мегӯ-янд, ки эй кош, мо дар дунё аз ҷумлаи имоновардагону ҳидоятёфтагон мебудем ва чунин рӯзи даҳшатоварро, кош намедидем. Бо ин ҳама кори онҳо, чуноне ки ояти зер ишора дорад, ба охир намерасад, барои онҳо дигар саволҳо низ мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «