Сураи Қасас Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 65

وَيَوۡمَ يُنَادِيۡهِمۡ فَيَـقُوۡلُ مَاذَاۤ اَجَبۡتُمُ الۡمُرۡسَلِيۡنَ ٦٥

Ва явма юнадӣҳим фа яқулу маза аҷабтуму-л мурсалӣн. 65.

65. Ва (ёд кун) рӯзеро, ки Худо онҳоро бихонад, пас гӯяд: «Пайғамбаронро чӣ ҷавоб додед?!».

Худованд дар ин оят фармудааст, ки ба ёд ор яке аз саҳнаҳои рӯзи қиёматро, ки Худованд мушриконро нидо дода мегӯяд, ки эй мушрикон, шумо бо пайғамбарони Мо, ки амри Моро ба шумо мерасониданд, чӣ кор кардед ва ба онҳо чӣ посух гуфтед?! Мусаллам аст, ки онҳо ҳеҷ посухе гуфта наметавонанд. Агар гӯянд, ки мо даъвати пайғамбаронро иҷобат кардем, сухани онҳо дурӯғи маҳз аст. Он ҷо ҷоест, ки сухани дурӯғ ба кор намеравад. Агар рост гӯянд, ки мо онҳоро дурӯғгӯй ҳисобидем, ба онҳо туҳмат задем, соҳирашон гуфтем, бар зидди онҳо ҷангидем, тарафдорони онҳоро ба қатл расонидем, боз расвотар мешаванд.

Хулоса, ҳарчӣ бигӯянд, мояи бадбахтӣ ва расвогии онҳо зиёдтар ошкор мешавад. Аммо аз пайғамбарон (а) дар он асно чӣ савол мешавад, барои маълумоти бештар ба ояти 109-уми сураи «Моида» муроҷиъат шавад. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)