Сураи Қасас Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 66

فَعَمِيَتۡ عَلَيۡهِمُ الۡاَنۡۢبَآءُ يَوۡمَٮِٕذٍ فَهُمۡ لَا يَتَسَآءَلُوۡنَ‏ ٦٦

Фа ъамият ъалайҳиму-л-анбау явмаизин фа ҳум ла ятасаалун. 66.

66. Пас, махфӣ шавад бар онҳо хабарҳои он рӯз, пас, онҳо аз якдигар савол накунанд.

Худованд аз мушрикон дар он асно мепурсад, ки Мо барои ҳидояти шумо пайғамбарони Худро фиристодем, то имрӯз узр наореду даъво накунед, ки мо надонистем ва моро ҳеҷ кас огоҳӣ надод ва ғайра. Шумо ба пайғамбарони Мо чӣ кардед? Оё ба онҳо имон овардед? Оё ба онҳо тобеъ шудед? Ё ин ки онҳоро дурӯғгӯй шуморидеду онҳоро масхара кардед? Вақто ки мушрикон ингуна саволҳоро аз ҷониби Парвардигор мешунаванд, ҳайрон мемонанд ва чӣ гуфтанашонро намедонанд, мисли шахси кӯр ва гунг гӯё ҳеҷ чизро намешунаванд ва ҳеҷ ҷойро намебинанд, тамоми хабарҳо ба онҳо пӯшида мемонад, ҳеҷ посухе намеёбанд ва ҳатто аз рӯйи даҳшат дар ин хусус аз ҳамдигар савол ҳам намекунанд, то чизе ба хотирашон ояду ба ҳамдигар посух гӯянд. Агар посух гӯянд, ҳам аз онҳо қабул карда намешавад, сукути мутлақ сар то пои онҳоро фаро мегирад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)