Сураи Қасас Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 71

قُلۡ اَرَءَيۡتُمۡ اِنۡ جَعَلَ اللّٰهُ عَلَيۡكُمُ الَّيۡلَ سَرۡمَدًا اِلٰى يَوۡمِ الۡقِيٰمَةِ مَنۡ اِلٰـهٌ غَيۡرُ اللّٰهِ يَاۡتِيۡكُمۡ بِضِيَآءٍ‌ؕ اَفَلَا تَسۡمَعُوۡنَ ٧١

Қул араайтум ин ҷаъалаллоҳу ъалайкуму-л-лайла сармадан ила явми-л-қийамати ман илаҳун ғайруллоҳи яътӣкум би Зийаъ. А-фа ла тасмаъун. 71.

71. Бигӯ: «Оё дидаед (хабр дода метавонед), ки агар Худо шабро бар шумо, то рӯзи қиёмат поянда гардонад, кист маъбуде ғайри Худо, ки равшаниро пеши шумо биёрад? Оё намешунавед?!».

Агар нур (рӯз, Офтоб) намебуд, на дарахте мерӯид ва на гуле механдид ва на мурғе парвоз мекард ва на зироъат мерӯид ва на инсоне зинда мемонд. Худованд дар ин оят зимнан боз шоистагӣ ва сазовори ҳамду сано будани Худро ба мардум хотиррасон карда ба неъмати бузурги бебаҳои Худ (рӯз, рӯшноӣ, Офтоб), ки мояи ҳар махлуқотанд, ишора намуда ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки ба ман хабар диҳед, ки агар Худованд шабро то рӯзи қиёмат ҷовидон қарор диҳад, оё касе ё чизе ғайри Худованд ҳаст, ки рӯшноиро барои шумо бозгардонад? Шумо, ки аз чунин кор хабар дода наметавонед, пас, чаро ин суханҳоро намефаҳмед ва бо тадаббур намешунавед ва эътибор намедиҳед ва қабул намекунед? Ояти зер аз неъмати торикӣ (шаб) сухан мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)