Сураи Қасас Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 76

۞ اِنَّ قَارُوۡنَ كَانَ مِنۡ قَوۡمِ مُوۡسٰى فَبَغٰى عَلَيۡهِمۡ‌ۖ وَاٰتَيۡنٰهُ مِنَ الۡكُنُوۡزِ مَاۤ اِنَّ مَفَاتِحَهٗ لَـتَـنُوۡٓاُ بِالۡعُصۡبَةِ اُولِى الۡقُوَّةِ اِذۡ قَالَ لَهٗ قَوۡمُهٗ لَا تَفۡرَحۡ‌ اِنَّ اللّٰهَ لَا يُحِبُّ الۡفَرِحِيۡنَ ٧٦

۞ Инна Қаруна кана мин қавми Муса фа баға ъалайҳим. Ва атайнаҳу мина-л кунузи ма инна мафатиҳаҳу ла тануу би-л ъусбати ули-л-қуввати из қола лаҳу қавмуҳу ла тафраҳ. Инналлоҳа ла юҳиббу-л-фариҳӣн. 76.

76. Ҳаройина, Қорун аз қавми Мӯсо буд, пас, бар онҳо бедодӣ кард. Ва ато карда будем ӯро аз ганҷҳо он қадар, ки калидҳои ӯ ҷамъияти нерумандро гаронӣ мекард. (Ёд кун), чун ба ӯ қавми ӯ гуфт: «Шод машав, ҳаройина, Худо шодшавандагонро дӯст намедорад!

Калимаи «Қорун» исми аҷамӣ (ғайри арабӣ) аст. Бо ривояти Нахаъӣ ва Қатода (р) Қоруне, ки байни мардум машҳур аст, аз бани Исроил буда, писарамаки Мӯсо (а) аст. Ӯ бисёр овози хуб дошт, чун Тавротро тиловат мекард, ба мардум бисёр писанд буд. Аз ин рӯ ӯро «ал-Мунаввар» лақаб дода буданд. Бани Исроил дар замони худ фозилтарини мардум ба шумор мерафтанд. Қорун низ, ҳамчуноне ки гузашт, аз ин фазилат бархӯрдор буд. Чун Худованд барои имтиҳон ба ӯ ганҷҳо (молҳои захирашуда)-и фаровон дод, то он дараҷае, ки калидҳои хазина ва амборҳои ӯро ба осонӣ чандин марди зӯровар бардошта наметавонист. Ақли ӯ, ки камзарфият буд, чунин молу сарвати Худододиро бардошта натавонист ва ба сабаби касрати молу ҳол аз худ рафт ва аз рафтори қавми худ яксӯ шуда бар онҳо ҷабру кибрро раво дид. Вақто соҳибхирадони қавм диданд, ки ӯ аз амал кардан ба Таврот даст кашида, даст ба маъишату хушҳолии ғайри шаръӣ зада, дар ғуруру ғафлат аст, бо таҳдид ба насиҳати ӯ пардохта гуфтанд, ки эй Қорун, оё медонӣ дирӯз ту ки будӣ, ҳоло чӣ шудӣ?! Ту ин қадар хурсандиатро бо кибру ғурур омехта накун! Оё намедонӣ, ки Худованд шодикунандагони мағрури ношукрро дӯст намедорад?! Илова бар ин, соҳибхирадони қавм, чуноне ки ояти зер ишора дорад, ба ӯ чаҳор насиҳати дигаре карданд, ки дар маҷмӯъ барои Қорун панҷ андарз шуд…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)