Сураи Қасас Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 85

اِنَّ الَّذِىۡ فَرَضَ عَلَيۡكَ الۡقُرۡاٰنَ لَرَآدُّكَ اِلٰى مَعَادٍ‌ ؕ قُلْ رَّبِّىۡۤ اَعۡلَمُ مَنۡ جَآءَ بِالۡهُدٰى وَمَنۡ هُوَ فِىۡ ضَلٰلٍ مُّبِيۡنٍ ٨٥

Инна-л-лазӣ фараЗа ъалайка-л-Қур-ана ла раддука ила маъад. Қу-р-Рабби аъламу ман ҷаа би-л-ҳуда ва ман ҳува фӣ Залали-м мубӣн. 85.

85. Ба дурустӣ, касе ки таблиғи Қуръонро ба ту фарз гардонид, албатта, туро ба сӯйи бозгашт (охират ё Макка) бозгардонанда аст. Бигӯ: «Парвардигори ман ба он касе ки ҳидоятро овард ва ба он касе, ки вай ошкоро дар гумроҳист, донотар аст.

Аз пирӯзӣ дар охират дар оятҳои қаблӣ сухан шуд. Ҳоло дар ин оят аз пирӯзӣ дар ин ҷаҳон сухан шудааст. Дар баёни сабаби нузули ояти мазкур муфассирон Имом Фахрӣ Розӣ, Қуртубӣ ва ғайра бо ривояти Ибни Аббос (р) чунин гуфтаанд: «Вақто ки Расуллалоҳ (с) аз ғори Савр берун омад ва ба сӯйи Мадина роҳи ҳиҷратро пеш гирифт, чун ба «Ҷуҳфа» расиданд, иштиёқи ватан (Макка) дар дилашон шӯълавар шуд. Ҳамоно пайки ваҳйи Илоҳӣ Ҷабраил (а) даррасид, ба Пайғамбар (с) арз кард, ки Худованд барои ту ин паём (оят)-ро фиристод. Дар ҳақиқат Зоте, ки ин Қуръонро бар ту нозил кардааст, таблиғу амалкард ва аҳкоми онро бар ту фарз гардонидааст, мутмаин бош, яқинан туро бо фатҳу зафару пирӯзӣ ба ҷойи зодгоҳат боз мегардонад.

Дар давоми оят Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки чӣ касе ҳидоятро пеш оварад ва чӣ касе ошкоро дар гумроҳист, Парвардигори ман аз ҳама беҳтару хубтар медонад. Саранҷом натиҷаи некӣ азони кист, ба зудӣ хоҳед донист. Дар он асно мушрикон ба Расулаллоҳ (с) таъна зада гуфтанд, ки ту ҳоло ҳам дар гумроҳӣ қарор дорӣ. Албатта, ояти мазкур муждаи қаблие буд, ки ба Расулаллоҳ (с) дода шуд ва тасдиқи худро соли фатҳи Макка ёфт. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 86 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)