Тафсири Сураи Касас Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
طٰسٓمٓ ١
То,Сйм,Мйм. 1.
1. То. Син. Мим. (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.)
Ин чаҳордаҳумин бор аст, ки дар оғози сураҳои Қуръонӣ бо чунин ҳарфҳои муқатаъа (аз ҳам ҷудо) вомехӯрем. Тарзи тиловати онҳо чунин аст. Ҳарфи «То» ва ҳарфи «Син»-ро бо мадди табиъӣ ва нуни охир онро дар мим идғом карда, мимро низ бо мадди ориз тӯлонӣ хонда мешавад. Сухан дар бораи эзоҳи чунин ҳарфҳо дар оғози сураи «Бақара» ва сураи «Оли имрон» гузашт, ҳоҷат ба такрор нест. Хоҳишмандон метавонанд ба сураҳои номбурда муроҷиъат кунанд. Зеро ингуна оятҳо аз ҷумлаи оятҳои муташобиҳотанд. Назди ҳанафимазҳабон маънои чунин оятҳоро ба ҷуз Худованд касе намедонад. Яъне ба муроду маънои чунин ҳарфҳо (оятҳо) Худованд донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «