Тафсири Сураи Кавсар – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Кавсар 108-уми сураи “Қуръон” буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 3 оят иборат аст.
Ин сура аз фазлу марҳамати Парвардигор ва аз хайри касир, яъне неъматҳои бузурге, ки Аллоҳтаъоло барои Ҳабиби худ (с) дар дунё ва охират ато кардааст, сухан мекунад. Худованд Расули худ (с)-ро даъват мекунад, ки барои ризои Парвардигори худ холис намоз хонад ва дар роҳи ризои Ӯ таъоло наҳр (қурбонӣ) кардан низ бояд холис бошад..
Сабаби нузули ин сураро муфассирон чунин шарҳ додаанд: Вақте ки писари Расули Акрам (с) Қосим аз дунё гузаштанд, Ос ибни Воил яке аз мушрикони араб, ки душмани Расулуллоҳ (с) буд, ӯро таъна зада гуфт:
“Ин марде будааст беавлод ва беписар. Чун худаш аз ин олам гузарад, номи ӯ низ аз олам нест мешавад. Писаре надорад, ки кори ӯро идома диҳад.”
Расулуллоҳ (с) ин суханҳоро шунида ғамгин шуданд. Дар ин асно Парвардигори меҳрубон ин сураро ба Ҳабиби хеш (с) нозил кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Кавсар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «