Тафсири Сураи Моъун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Моъун Ояти 7
وَيَمْنَعُوْنَ الْمَاعُوْنَ ٧
Ва ямнаъуна-л-маъун. 7.
7. Ва моъун (нафъи андак)-ро манъ мекунанд.
Моъун чизи андакро гӯянд, мисли: каланд, бел, табар, ресмону сӯзан ва монанди онҳо. Чун ҳамсоя ё бародаре чизе аз инҳоро ба орият (истифодаи муваққатӣ) пурсад, онҳоро бояд розӣ кард, то аз ҷумлаи ин гуна ашхоси манъкунандаи “моъун” нагардем ва то таҳти ваъиди ояти 4-ум дохил нашавем.
Ин оят барои инсонҳои бахиле, ки чизҳои андакро ба орият намедиҳанд, ҳушдор аст.
Хулоса, шахсе худро мусулмон донаду вале ба Аллоҳ ихлосе надошта бошад ва ба халқи ӯ ёрдаму ҳамдардӣ накунад, мусулмонии ӯ ҷуз як лафзи забон дигар маъное надорад. Намози ӯ аз ҳақиқат дур аст. Ин риёву бадахлоқӣ одати мардуми бадбахт аст, ки бар қонуни илоҳӣ ва рӯзи ҷазо боварӣ надоранд.
Поёни сураи “Моъун”. Ва лиллоҳил ҳамд.
Дар давлати хубӣ аз гадоёни дари хеш,
Лутфе бикун имрӯз, ки фардо натавон кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Моъун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «