Тафсири Сураи Кавсар Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Кавсар Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اِنَّآ اَعْطَيْنٰكَ الْكَوْثَرَ ١
Инна аътайнака-л-Кавсар. 1.
1. (Эй Муҳаммад) ҳаройина, Мо туро (барои гиромидошт) Кавсар додем.
“Кавсар” исми муболиғаи касир (аз ҳад зиёд) аст. Дар қоидаи арабҳо ҳар чизе, ки дар адад, дар қадру манзилат ё дар хатар бисёр бошад, онро кавсар (касир) мегӯянд.
Ин хитоб аз ҷониби Парвардигор ба ҳабиби худ (с) буда гӯфтааст, ки эй Муҳаммад (с)! Мо ба ту дар дунё ва охират хайри касири доимиро додаем. Яке аз он хайри касир ин “Наҳри кавсар” ё “Ҳавзи кавсар” аст. Дар Ислом бо номи ҳавзи “Кавсар” машҳур аст.
Дар маънои “Кавсар” муфассирон 26 қавлро ривоят кардаанд. Саҳеҳаш ин аст, ки “Кавсар” наҳре, ё ҳавзест дар Ҷаннат ва дар вай хайри касир аст.
Дар ривояте омадаст, ки боре Расулаллоҳ (с.) ҳамроҳи саҳобагон сари мубораки худро ба ҷайб фуру бурда, нишаста буданд. Баъди андаке табассумкунон сари муборакашонро боло намуданд.
Саҳобагон пурсиданд: “Ё Расулаллоҳ (с), чӣ чиз сабаби табассуми Шумо гардид?”.
Он Ҳазрат (с) марҳамат карда гуфтанд: “Ҳозир Худованд бар ман сураеро нозил кард” ва бо Бисмиллоҳ сураи мазкурро то охир қироат намуданд ва аз саҳобагон пурсиданд, “Оё медонед, ки чист Кавсар?”
Саҳобагон гуфтанд: “Аллоҳ ва Расули Ӯ донотар аст”.
Расулаллоҳ гуфтанд:”Кавсар наҳрест дар Ҷаннат, ки Парвардигор онро барои ман ато фармудааст ва дар он хайри касир аст. Уммати ман аз он рӯзи қиёмат сероб гардонида мешавад. Адади зарфҳои он ба адади ситорагон баробар аст. Баъзе умматон аз он оби кавсар маҳрум мешаванд,”
Пас мегӯям:” Парвардигоро, ин шахс аз умматони ман аст ку!”
Баъд ба ман гуфта мешавад: “Албатта, ту намедонӣ, ки уммати ту баъди ту чӣ кор кард” (Ибни Касир).
Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Кавсар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «