Сураи Қиёмат Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Киёмат Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қиёмат Ояти 2

وَلَاۤ اُقۡسِمُ بِالنَّفۡسِ اللَّوَّامَةِؕ ٢

Ва ла уқсиму би-н нафси-л-лаввамаҳ. 2.

2. Ва қасам мехӯрам ба нафси маломаткунанда, (ки одамӣ баъд аз мурдан, албатта, барангехта хоҳад шуд).

Нафси маломатгар нафси муъмини худотарсу парҳезгор аст, ки соҳиби худро бо иҷрои амали хилофи ризои Худо маломат мекунад. Агар гуноҳе аз сӯйи ӯ содир шавад, пас нафсаш бо маломат ба ӯ мегӯяд: “Чаро чунин кардӣ? Магар аз Худо натарсидӣ? Дар охират чӣ ҷавоб хоҳӣ дод? Ту нигоҳ накун, ки гуноҳат сағира аст, балки ту андеша намо, ки чӣ касеро нофармонӣ кардаӣ? ва монанди инҳо.

Агар кори хайру савоб намояд, пас нафсаш ба ӯ мегӯяд: “Чӣ кори накӯ, вале кам кардӣ! Аз савоб фирефта нашав! Амали солеҳро бисёртар кун! Охир, ҳама ин ба фоидаи худат ҳаст ку!” Ана, ҳамин тавр нафси муъмин дар ҳарду ҳолат ҳам соҳибашро маломат мекунад, ки ба манфиъати соҳибаш аст. Хулоса, вақто ки Худованд ба нафси маломаткунанда қасам ёд кардааст маълум мешавад, ки нафси маломаткунанда ва соҳиби он назди Аллоҳтаъоло ҳурмати бузург доранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қиёмат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қиёмат Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)