Тафсири Сураи Киёмат Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қиёмат Ояти 3
اَيَحۡسَبُ الۡاِنۡسَانُ اَلَّنۡ نَّجۡمَعَ عِظَامَهٗؕ ٣
А-яҳсабу-л-инсану ал лан-н наҷмаъа ъизомаҳ. 3.
3. Оё инсон мепиндорад, ки устухонҳои ӯро ҷамъ намекунем?
Оё инсоне, ки зинда гардонидани баъди мирониданро инкор мекунад гумон дорад, ки мо ба ҷамъ кардани устухонҳои ӯ қодир нестем?
Муфассирин гуфтаанд, ки ин оят дар ҳақи Адӣ ибни Рабиъа нозил шудааст. Рӯзе ибни Рабиъа ба назди расули Худо (с) омад ва пурсид: “Қиёмат кай қоим мешавад ва кор дар он рӯз чӣ гуна аст?” Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфт: “Қиёмат омаданист, дар ин ҳеҷ як шакку шӯбҳае нест, вале кай омаданашро танҳо Аллоҳтаъоло медонад.” Ҳамчунин ҳазрати Муҳаммад (с) аҳволи он рӯзро ба тафсил ба ибни Рабиъа фаҳмонд. Он бадбахт гуфт: “Ба Худо қасам, ки агар ман он рӯзро ба ду чашми сарам бинам ҳам бовар намекунам ва ба ту ҳам имон намеорам.” Ибни Рабиъа бо истеҳзо гуфт: “Чӣ магар устухонҳои мурдаро як ҷо ҷамъ овардан мумкин аст?”
Дар ин асно барои раддияи гумони ибни Рабиъа ояти зер нозил шуд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «