Тафсири Сураи Коф Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 2
بَلۡ عَجِبُوۡۤا اَنۡ جَآءَهُمۡ مُّنۡذِرٌ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ الۡكٰفِرُوۡنَ هٰذَا شَىۡءٌ عَجِيۡبٌۚ ٢
Бал ъаҷибу ан ҷааҳум-м мунзиру-м минҳум фа қола-л-кафируна ҳаза шай-ун ъаҷӣб. 2.
2. Балки тааҷҷуб карданд аз он, ки тарсонандае онҳоро аз қавми худашон омад, пас, кофирон гуфтанд: «Ин чизи аҷиб аст!».
Мушрикон, ба хосса мушрикони Макка аз пайғамбар шудани яке аз ҳамқавмони худашон, ки онҳоро аз азоби Аллоҳ метарсонад, тааҷҷуб мекарданд. Ҳол он ки ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надошт. Онҳо аз хислатҳои нек ва сутудаи Муҳаммад (с) пеш аз пайғамбар шуданашон ҳам хабар доштанд. Пас ба онҳо зарур буд, ки тааҷҷуб накарда, ба ҷои инкору истеҳзо Расулуллоҳ (с)-ро эътироф намуда, пайғамбариашро тасдиқ мекарданд.
Баъдан Ӯ таъоло сабаби тааҷҷуби онҳоро ояти зер баён намудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «