Тафсири Сураи Коф Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 14
وَّاَصۡحٰبُ الۡاَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٍؕ كُلٌّ كَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيۡدِ ١٤
Ва асҳабу-л-Айкати ва қавму Туббаъ. Куллун каззаба-р-русула фа ҳаққа ваъӣд. 14.
14. Ва асҳоби Айка (бошандагони ҷангал) ва қавми Туббаъ (подшоҳе аз подшоҳони Яман) ҳамаи инҳо пайғамбаронро дурӯғгу ҳисобиданд. Пас, ваъдаи азоби Ман (бар онҳо) собит шуд.
Вақто мушрикони Макка Расулуллоҳ (с)-ро дурӯғгӯ ҳисобиданд, Аллоҳ таъоло ин оятҳоро ҳамчу тасаллӣ барои ӯ (с) ва таҳдид барои кофирон ва гунаҳкорон ва хосса барои мушрикони замони он ҳазрат (с) нозил карда, гуфт, ки дар гузашта низ қавмҳои дигаре ба мисли қами Нӯҳ (а) ва қавми Чоҳ, ки боқимондагони қавми Самуд буданд, ки суханони пайғамбарони замони худ, аз ҷумла Ҳанзала бинни Сафвон (а)-ро дурӯғ ҳисобиданд. Онҳоро асҳоби чоҳи «Ямома» ё «Муъатала» низ гӯянд.. Онҳо дар сари он чоҳ бо чорпоёни худ сукунат намуда, бутпарастӣ мекарданд. Ба ҳар тақдир пайғамбари фиристодашударо бовар накарда, ӯро ба ривояте дар он чоҳ кӯфтанд. Самудиён бошанд, ҳазрати Солеҳ (а)-ро дурӯғгӯ ҳисобиданд. Қавми Од ба Ҳуд (а) бовар накарданд. Фиръавну тарафдорони ӯ ба ҳазрати Мӯсо ва Ҳорун (а) бовар накарданд. Қавми Лут (а) пайғамбарии ӯро дурӯғ ҳисобиданд ва асҳоби ҷангал бошанд, ҳазрати Шуъайб (а)-ро дурӯғгӯ ҳисобиданд. Барои он онҳоро асҳоби ҷангал гуфтанд, ки эшон соҳибони дарахтони зичи дарҳампечида буданд. Ҳамчунин қавми Туббаъ низ Туббаъро бовар накарда, ӯро дурӯғгӯй ҳисобиданд. Дар баъзе ривоят омада, ки Туббаъ подшоҳи Яман буд ва ӯ Ислом оварда, қавмашро ба сӯи Ислом даъват кард, аммо қавмаш ба ӯ бовар накарданд. (Аз ҳошияи Тафсири Ҷалолайн. Ҷумал).
Хулоса, аксари қавмҳои номбурдашуда пайғамбарони замони худро дурӯғгӯ ҳисобида, ба онҳо бовар накарданд, ҳол он ки агар инсон як Расули Худоро бовар накунад, ин маънои онро дорад, ки тамоми фиристодаҳои Худоро бовар надорад. Дар натиҷа бар онҳо ваъиди азоби Ӯ таъоло муқаррар шуд Аллоҳ таъоло он азобро бар сари онҳо фуруд овард. Пас, мушрикони Макка аз онҳо чӣ зиёдатӣ доранд?
Бинобар услубе, ки ин сура дар худ ҷо додааст, боз навбати оятҳое аст, ки дар хусуси зинда гардонидани баъди миронидан сухан мекунанд. Ҳувал ҳоди.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «