Тафсири Сураи Коф Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 15
اَفَعَيِيۡنَا بِالۡخَـلۡقِ الۡاَوَّلِؕ بَلۡ هُمۡ فِىۡ لَبۡسٍ مِّنۡ خَلۡقٍ جَدِيۡدٍ ١٥
А-фаъайӣна би-л халқи-л-аввал. Бал ҳум фӣ лабси-м мин халқин ҷадӣд. 15.
15. Оё дар офаридани нахуст оҷиз шуда будем? Балки онҳо аз офариниши нав дар шубҳаанд.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мегӯяд, ки оё дар ибтидои офаридани махлуқот магар оҷиз шуда будем, ки дар аз нав офаридани онҳо (баъди мавт) оҷиз шавем? Албатта, ин як сарзанишу маломат аст барои ашхосе, ки мункири зинда гардонидан баъд аз миронидананд. Ҳамчунин ҷавоб аст ба ақидаи мушрикон, ки дар ояти 3-юм ифода ёфта буд. Онҳо гуфта буданд: «Залика раҷъун баъид». (Ин дубора зинда шудан аз ақли мо дур аст).
Хулоса, офаридан ё аз нав зинда гардонидани ҷасадҳо барои Аллоҳ таъоло ҳеҷ душворие надорад. Ояти зер таҳқиқ месозаду хабар медиҳад, ки инсонро фақат Аллоҳ таъоло халқ намудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «