Тафсири Сураи Коф Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 16
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا الۡاِنۡسَانَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهٖ نَفۡسُهٗ ۖۚ وَنَحۡنُ اَقۡرَبُ اِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ الۡوَرِيۡدِ ١٦
Ва лақад халақна-л-инсана ва наъламу ма тувасвису биҳӣ нафсуҳ. Ва наҳну ақрабу илайҳи мин ҳабли-л варӣд. 16.
16. Ва батаҳқиқ, одамиро офаридем ва он чизеро, ки нафси ӯ ба хотир гузаронидааст, онро медонем ва мо ба одамӣ аз раги ҷони вай наздиктарем.
Албатта, Аллоҳ таъоло худ инсонро офарид, пас он чӣ дар дилу хотири ӯ мегузарад, барои Ӯ пинҳон намемонад. Тамоми асрори пинҳонӣ ва ниятҳои қалбии инсон барои холиқаш пӯшида намемонад. Аллоҳ таъоло аз зоҳиру ботини махлуқоти Худ доимо хабардор аст. Зеро Ӯ таъоло мегӯяд, ки Ман ба инсони халқкардаам аз раги ҷонаш ҳам наздиктарам. «Раги ҷон» шоҳраги бузурги гардан аст, ки ба дил мепайвандад. Баъзе муфассирон гуфтанд, ки Аллоҳ таъоло ба илми Худ, ки он иҳотакунандаи тамоми махлуқот аст, ба бандааш қариб аст. Худо донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «