Сураи Қоф Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 17

اِذۡ يَتَلَقَّى الۡمُتَلَقِّيٰنِ عَنِ الۡيَمِيۡنِ وَعَنِ الشِّمَالِ قَعِيۡدٌ ١٧

Из яталаққа-л-муталаққийани ъани-л ямӣни ва ъани-ш-шимали қаъӣд. 17.

17. Ёд кун, чун ду фарогиранда (фаришта)-е ки аз ҷониби рост ва ҷониби чапи вай нишастаанд, ӯро фаро гиранд.

Аз ин оят маълум мегардад, ки ба ҳар як инсон ҳамеша ду фаришта вобастаанд. Яке аз ҷониби рост ва дигаре аз ҷониби чапи инсон нишаста, амалҳои ӯро мушоҳида мекунанд ва менависанд. Бино ба фикри баъзе аз муфассирон фариштаи дасти рост болои фариштаи дасти чап амир аст. Ин малоик дар дигар оятҳои Қуръонӣ бо номи «кироманкотибин» омадаанд. Аслан, Аллоҳ таъоло бо илми худ аз ҳама чиз бохабар аст ва ҳоҷат ба навиштан нест. Локин навиштаҷоти ин фариштагон дар рӯзи қиёмат як ҳуҷҷату шоҳиде барои инсон хоҳад буд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)