Тафсири Сураи Коф Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 18
مَا يَلۡفِظُ مِنۡ قَوۡلٍ اِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيۡبٌ عَتِيۡدٌ ١٨
Ма ялфизу мин қавлин илла ладайҳи рақӣбун ъатӣд. 18.
18. Бар забон намеорад (одамӣ) аз сухане магар ин ки назди ӯ нигаҳбоне (фариштае) ҳозир ва нозир аст(ва амалҳои ӯро нависад).
Кори он ду фариштаи шоҳид барои инсон ин аст: инсон кадом калимаеро, ки ба забон орад, ё амалҳоеро иҷро кунад, хоҳ хайр бошад ва хоҳ шар, фариштае ӯро посбонӣ дорад, амал ё гуфтаи ӯро китобат мекунад. Он ду фаришта доимо назди он банда ҳозиру нозиранд ва барои навишта кардани амалҳои ӯ ҳамеша омодаву муҳайёанд. Албатта, он чиро менависанд, ки аз тарафи Аллоҳ ба он маъмур бошанд. Чун банда аз дунё чашм пӯшид, китоби аъмоли ӯ ҳам пӯшида шуда, дар рӯзи қиёмат он китоб ба соҳибаш баргардонида мешавад. Пас, фармон мешавад ба банда, ки худат номаи аъмоли худро бихон, барои ту ҳама равшану возеҳ аст! Ривоятҳои Ибни Аббос, Товус бар ҳамин мазмун далолат доранд. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «