Сураи Қоф Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 25

مَّنَّاعٍ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ مُّرِيۡبِ ٢٥

Маннаъи-л лил хайри муътади-м мурӣб. 25.

25. Ва ҳар манъкунандаи хайр (мол) ва аз ҳад даргузаранда (ва ҳар) шак орандаро,

Аллоҳ таъоло ба он ду фаришта, ки ронанадаи шахси гунаҳкор ва шоҳидидиҳандаи рӯзгори ӯ буданд, мегӯяд, ки ин кофири саркашу аз ҳақ гаштаро дар Ҷаҳаннам партоед! Зеро ӯ аз ҳақ рӯ тофта, ба чунин рӯзи ҳисоб имон наоварда буд. Ҳангоми дар дунё буданаш ҳар чизе, ки дар сарфи мол барои ӯ воҷиб буд, бисёр бахилӣ ва мумсикӣ мекард. Дар надодани хайрот муболиға меварзид ва ба дини ростин шакку шубҳа дошт. Илова бар ин:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)