Сураи Қоф Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 26

اۨلَّذِىۡ جَعَلَ مَعَ اللّٰهِ اِلٰهًا اٰخَرَ فَاَلۡقِيٰهُ فِى الۡعَذَابِ الشَّدِيۡدِ ٢٦

Ал-лазӣ ҷаъала маъаллоҳи илаҳан ахара фа алқийаҳу фи-л-ъазаби-ш-шадӣд. 26.

26. Ки ҳамроҳи Аллоҳ маъбуди (худои) дигареро муқаррар карда буд, пас ҳар кадомро дар азоби сахт бияндозед!».

Он шахс, ки сифаташ дар оятҳои боло гузашт, ба замми ҳамаи сифатҳои баде, ки дошт, боз ба ваҳдонияти Ӯ таъоло имон наоварда, ба ибодати илоҳи дигаре машғул буд. Ин аст, ки Аллоҳ таъоло мефармояд, ки ӯро дар оташи Ҷаҳаннам бипартоед, то азоби сахтро бичашад. Маълум гашт, ки чунин шахсҳо ба ғазаби Аллоҳ гирифтор шудаанд. Ҳатто шайтон барои гурехтан аз онҳо дар он рӯз ба сухан медарояд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)