Тафсири Сураи Коф Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 27
۞ قَالَ قَرِيۡنُهٗ رَبَّنَا مَاۤ اَطۡغَيۡتُهٗ وَلٰـكِنۡ كَانَ فِىۡ ضَلٰلٍۢ بَعِيۡدٍ ٢٧
۞ Қола қарӣнуҳу Раббана ма атғайтуҳу ва лакин кана фӣ Залалим баъӣд. 27.
27. Шайтони қарин (ҳамнишин)-аш гӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ин шахсро гумроҳ накардаам, валекин ӯ худ дар гумроҳии (ниҳоят) дур буд».
Дар зимни мазмуни ин ояти карима муфассирон чунин маъно овардаанд: «Он шахси сифаташ дар боло гузашта, яъне инсони гунаҳкор даъво мекардааст, ки маро шайтон гумроҳ сохт». Шайтони рафиқаш бошад, он лаҳза мегуфтааст: «Ай Парвардигори мо, ман ӯро гумроҳ насохтаам, балки худаш дар гумроҳӣ ва аз ҳақ бисёр дур буд. Чун ман дидам, ки сайди ман мегардад, бар ӯ коргар шудам. Ман ӯро маҷбур накардаам, балки худаш гумроҳиро ихтиёр кардааст. Ин бадбахт ба андак ишораи ман гумроҳ шуд ва аз роҳи наҷот дур афтод».
Вақто ки инсон дар чунин ҳолат барои сабуктар сохтани гуноҳҳои худ бо шайтон ба ин гунна моҷаро даст мезананд, онҳо чунин ҷавобро мешунаванд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «