Тафсири Сураи Коф Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 30
يَوۡمَ نَـقُوۡلُ لِجَهَـنَّمَ هَلِ امۡتَلَـئْتِ وَتَقُوۡلُ هَلۡ مِنۡ مَّزِيۡدٍ ٣٠
Явма нақулу ли Ҷаҳаннама ҳалимталаъти ва тақулу ҳал мим-мазӣд. 30.
30. Рӯзе, ки барои Дӯзах мегӯем: «Оё пур шудӣ?» Дӯзах гӯяд: «Оё аз ин зиёда ҳаст?» (биёр)!
Албатта, ҳама кори рӯзи қиёмат аз рӯйи инсофу адолат сурат мегирад. Яъне кофиронро омурзиш нест, пас чӣ гуна шайтон, ки кофиртар аст, омурзида шавад? Пас ай инсон, он рӯзи вазнину сангинро ба ёд биёр, ки дар он рӯз Ӯ таъоло ба Дӯзах мегӯяд, ки оё аз он инсонҳое, ки туро барояшон тақдир карда будем, пур шудӣ?. Ҷаҳаннам дар ҷавоб мегӯяд, ки оё аз ин дида зиёдатӣ ҳаст?».
Хулоса, ҳар қадар, ки кофирону гунаҳкорон ба Дӯзах партофта мешаванд, боз Дӯзах мегӯяд: Оё ин зиёда ҳаст?. То даме ки Раббулъиззат ба кифоягӣ ишора накунад, Ҷаҳаннам талаб кардан мегирад. Пас он лаҳза итоъат карда мегӯяд, ки бас-бас, қасам ба иззату карамат ба инҳо, ки дохили худ дорам, ман иктифо мекунам». Ҷаҳаннам ҷои бисёр васеъ буда, тамоми кофиронро дар худ меғунҷонад. Хонандаи мухлисам, аз ин ки Ҷаҳаннам сухан мекунад, ҷои тааҷҷуб нест. Дар Қуръон хабар омадааст, ки мӯрча сухан кардааст ва тамоми мавҷудот тасбеҳи Ӯ таъолоро мегӯянд.
Аҳволи Ҷаҳаннам ва бадбахтонро Аллоҳ таъоло дар оятҳои қаблӣ бо услуби хоси ин сура то ин ҷо баён намуд. Дар баробари ин зикри Ҷаннат, ки барои худотарсон пешбинӣ шудааст, дар оятҳои зер, иншоаллоҳ, баён мешавад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «