Сураи Қоф Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 36

وَكَمۡ اَهۡلَـكۡنَا قَبۡلَهُمۡ مِّنۡ قَرۡنٍ هُمۡ اَشَدُّ مِنۡهُمۡ بَطۡشًا فَنَقَّبُوۡا فِى الۡبِلَادِ ؕ هَلۡ مِنۡ مَّحِيۡصٍ ٣٦

Ва кам аҳлакна қаблаҳум-м мин қарнин ҳум ашадду минҳум батшан фа наққабу фи-л-билади ҳал мим маҳӣс. 36.

36. Ва пеш аз он (қурайши)-ҳо бисёр аз умматҳое, ки аз рӯи қувват аз ин ҷамоъа онҳо қавитар буданд, ҳалок кардем. Пас, дар шаҳрҳо кофту коб карданд, оё (барои онҳо) ҷои гурезе ҳаст, то роҳ ёбанд?

Дар ояти мазкур омада, ки дар замонҳои гузашта чандин қавмҳои саркаш дар натиҷаи амалҳои бади худ ба ҷазо мубтало гаштаанд. Аллоҳ таъоло чунин фармудааст, ки қабл аз мушрикони Макка бисёре аз кофирони умматҳои гузаштаро ба ҳалокат расонидем, ки онҳо аз кофирони Қурайш дида бузургтар ва боқувваттар буданд. Чун азоби худро болои сари онҳо фиристодем, барои дарёфти паноҳгоҳ дар шаҳрҳо ба ҷустуҷӯй даромаданд. Оё онҳо ягон паноҳгоҳе барои худ пайдо намуданд ва аз азоби Аллоҳ таъоло наҷот ёфтанд, оё касеро аз дасти марг ҷои гурез ҳаст? На! Онҳо на паноҳгоҳ ёфтанд ва на аз азоби муқарраркардаи Ӯ таъоло дар амон монданд. Чун онҳо аз рӯйи шумор ва аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ аз шумо, мушрикони Қурайш, дида болотар буданд ба чунин ҳол гирифтор шуданд, ҳоло аз дасти шумо бо ин заъифиятон чӣ меояд, ки саркашӣ мекунед? Оре! Чунин азобҳои дунёӣ як ҳушдор ва хабардиҳандаи азоби рӯзи қиёматанд. Алҳамдулиллоҳ, инсоне ёфт мешавад, ки аз шунидани чунин хабарҳои илоҳӣ панд мегирад. Валлоҳу аълам, ояти зерин баёнгари он аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)