Сураи Қоф Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 42

يَوۡمَ يَسۡمَعُوۡنَ الصَّيۡحَةَ بِالۡحَـقِّ‌ ؕ ذٰلِكَ يَوۡمُ الۡخُـرُوۡجِ ٤٢

Явма ясмаъуна-с-сайҳата би-л-ҳаққ. Залика явму-л-хуруҷ. 42.

42. Рӯзе ки бишнаванд овози тундеро, ки он ҳақ аст, он рӯз рӯзи (аз қабрҳо) баромадан аст.

Ин оят давоми ояти қаблӣ буда, Ӯ таъоло мефармояд, ки рӯзест, ки мардум он наъраи тундро, ки воқеъ шуданаш ҳақ асту рост, бишнаванд, он рӯзи баромадани ҷасадҳои инсонҳо аз гӯрҳояшон мебошад. Ин наъра ва аз гӯрҳо берун овардани мардум ҳақ асту рост ва дар вуқӯи он ягон шакку шубҳа нест, зеро ваъдаи Худованд аст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)