Сураи Қоф Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 43

اِنَّا نَحۡنُ نُحۡىٖ وَنُمِيۡتُ وَاِلَيۡنَا الۡمَصِيۡرُۙ ٤٣

Инна наҳну нуҳйӣ ва нумӣту ва илайна-л-масӣр. 43.

43. Албатта, Мо зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт ба сӯи Мост.

Аллоҳ таъоло таъкидан мегӯяд, ки Мо, на касе ғайри Мо халоиқро дар дунё мемиронем ва боз дар рӯзи қиёмат онҳоро то мавриди ҳисобу китоб қарор бигиранд, аз сари нав зинда мегардонем. Ҳар яки онҳо мутобиқ ба аъмолашон ҷазо ё мукофоти арзандаро соҳиб мешаванд. Бозгашти онҳо дар охират танҳо ба сӯи Мост, на ба ҷуз Мо. Ҳеҷ касро аз ин роҳ раҳоӣ нест. Касоне, ки чунин рӯзро дурӯғ меҳисобанд, он ҳангом дарк хоҳанд кард, ки чӣ кори носазое карда будаанд, вале ҳайҳот он лаҳза ин пушаймонӣ ба онҳо суде надорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)