Сураи Қоф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 5

بَلۡ كَذَّبُوۡا بِالۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِىۡۤ اَمۡرٍ مَّرِيۡجٍ ٥

Бал каззабу би-л-ҳаққи ламма ҷааҳум фа ҳум фи амри-м марӣҷ. 5.

5. Балки (куффор) дини ҳақро, ҳангоме ки онҳоро омад, дурӯғ ҳисобиданд. Пас, онҳо дар коре шӯриданду музтариб (нобасомон) шуданд.

Кори мушрикон маҳз тааҷуб нест, балки бадтар аз тааҷҷуб аст. Қуръон бо оятҳои возеҳу равшан ба онҳо нозил шуд. Оятҳои Қуръон тамоми шакку шубҳаро дур мегардонад ва барои инсони оқил дигар ҷои нобоварӣ намемонад. Лекин мушрикон ба ҷои қабул кардани дини ҳаққе, ки ба воситаи Қуръон фиристода шуд, дар изтироб афтоданд. Онҳо гоҳо аз рӯйи ҷоҳилӣ ва саркашӣ мегуфтанд: «Муҳаммад соҳиру ҷодугар аст». Гоҳо аз рӯйи якравию гумроҳӣ мегуфтанд: «Муҳаммад афсонаҳои пешиниёнро ба мо такрор мекунад». Наъузубиллоҳ. Чунин тоифа дар қиёмат ҳам, ба чунин изтироб гирифторанд.

Ӯ таъоло аз қудрату тавоноӣ ва бузургии Худ далелҳо оварда, дар ояти зер фармудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)