Сураи Қоф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 6

اَفَلَمۡ يَنۡظُرُوۡۤا اِلَى السَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنٰهَا وَزَيَّـنّٰهَا وَمَا لَهَا مِنۡ فُرُوۡجٍ ٦

А-фа лам янзуру ила-с-самаи фавқаҳум кайфа банайнаҳа ва зайяннаҳа ва ма лаҳа мин фуруҷ. 6.

6. Оё ба сӯйи Осмони болои худ наменигаранд чӣ гуна онро бино кардем ва онро зинат додем ва дар он ҳеҷ сӯрохе нест!?

Дар ин оят мурод аз «ас-самаи фавқаҳум» осмони болояшон (коинот) аст. Яъне оё инсонҳое, ки аз қабули ҳақиқат саркашӣ мекунанд ва роҳи ҳаққу ростро боварӣ надоранд, ба сӯи осмон як бор назар намедӯзанд? Оё ин қадар коиноти бузург бо Офтоб, Маҳтоб ва тамоми ситорагонаш аз тарафи кӣ ва чӣ гуна офарида шудааст? Чӣ гуна онҳо бо тартиб ва тарзи зебои назаррабо ҷойгир шудаанд? Фикр намекунанд, ки онҳо бо ин бузургӣ чӣ гуна идора мешаванд? Барои офаридан ва идора кардани онҳо чӣ гуна илм, қудрат ва тавоноӣ доштан лозим? Дар оят мурод аз калимаи «фуруҷ» сӯрохӣ нуқс ва камбудӣ аст. Яъне дар сохту тартиб ва дигар хосиятҳои коинот (осмон) инсон нуқсе намебинад.

Албатта, ҳақ ва рост аст, ки коинот бо тамоми ситорагон ва то хурдтарини зарраҳояш аз тарафи Аллоҳ таъоло офарида шудааст ва бе каму кост идора мешавад. Ин инсонҳои саркашу якрав боре андеша намекунанд, ки он Зоти поке, ки ба офаридан ва идора кардани ин қадар коиноти бузург қодир аст, магар наметавонад бори дигар махлуқи Худ, яъне инсонро зинда гардонад? Ба онҳо зарур аст сари ин масъала андеша намоянд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)