Сураи Қоф Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 4

قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنۡقُصُ الۡاَرۡضُ مِنۡهُمۡ‌ۚ وَعِنۡدَنَا كِتٰبٌ حَفِيۡظٌ ٤

Қад ъалимна ма танқусу-л-арЗу минҳум. Ва ъиндана китабун ҳафӣз. 4.

4. Батаҳқиқ, он чиро, ки аз онҳо Замин кам мекунад, донистем ва назди Мо Китобест, ки дар он ҳама чизҳо нигоҳ дошта мешавад.

Зимни ояти мазкур Аллоҳ таъоло фармудааст, ки мо мурдану пӯсида нест шудани ҷисми шуморо дар ҳақиқат медонем. Медонем, ки ба сабаби марг ва пӯсидани ҷисматон адади шуморо замин кам мегардонад. Локин ин муносибати шумо ва Замин аст.

Ҳақиқати марг ҷудо шудани рӯҳ (ҷон)-и инсон аз танаш аст. Баъд аз бадан ҷудо шудан рӯҳ зинда мемонад. Ҷисми беҷон пӯсида пароканда мегардад. Зарраҳои ҷисм дар куҷое, ки пароканда шуда бошанд, хоҳ дар хоку санг, хоҳ дар обу оташ, хоҳ дар ҳаво дар иҳотаи илми Аллоҳ таъоло боқӣ мемонанд. Аллоҳ таъоло қудрат ва тавоноӣ дорад, ки ин зарраҳои ҷисмро аз нав ҷамъ намуда, колбади (ҷисми) пештараро барқарор кунад. Дубора ҷонро ба тан ворид созад. Оё зинда гардонидан бори дигар барои Аллоҳ таъоло душворӣ дорад? Оё аз ин зинда гардонидан ба қудрати Аллоҳ таъоло ягон зараре мерасад? Ҳаргиз на!

Инкоркунандагони ин ҳақиқат ба ҷуз иқрору тасдиқи он дар охир дигар ҳеҷ илоҷе надоранд. Дар давоми оят Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва назди мо китобест, ки ҳама чизҳо дар он маҳфуз аст». Ин ҷо мурод аз китоб: «Лавҳул маҳфуз» аст. Ин китоб нигаҳдорандаи маълумоти ҳамаи махлуқот аст. Аз он ҷумла, барои ҳисобу китоби рузи қиёмат, дар он амалҳои ҳамаи инсонҳои гузашта, ҳозира ва оянда сабт шуда ҳифз мешавад.

Ояти зер беасоснокии эътирози кофиронро баён месозад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)